ЭЪЛОН!!! Озмуни ҷумҳуриявӣ

Аз ғоя то ихтироъ

Озмуни ҷумҳуриявии навори беҳтарин ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Маҷаллаи «Илм ва техника» озмуни ҷумҳуриявии «Аз ғоя то ихтироъ»-ро эълон менамояд. Агар шумо ба илм, фановариҳои муосир ва ҳифзи муҳити зист шавқу рағбат дошта бошед ва тавонед ғояҳои судманди худро дар қолаби маводи видеоӣ таҷассум намоед, ин озмун маҳз барои шумост.

3 бахш 30 сония - 1 дақиқа то 15 декабри 2026
Ҷавонон дар озмуни илмӣ, ихтироъкорӣ ва наворбардорӣ
Технологияи чопи 3D
Қабул то 15.12.2026
То 15 декабри 2026 муҳлати пешниҳоди навор
30 сония - 1 дақиқа давомнокии навор
3 забон тоҷикӣ, русӣ, англисӣ
AI иҷозат аст барои тасвир ё садо
Бахшҳои озмун

Се роҳ барои нишон додани истеъдод

Табиат ва муҳити зист
01

Иқлим ва экология

Наворҳо бояд ҳифзи табиат, захираҳои об, тағйирёбии иқлим ва роҳҳои ҳалли онро ифода намоянд.

Таҷрибаи илмӣ
02

Илмҳои дақиқ

Математика, физика, химия, информатика, кашфиёт, таҷрибаҳо ва усулҳои нави омӯзишро бо навор баён кунед.

Робот ва ихтироъ
03

Ихтироъкорӣ

Ихтироот, дастгоҳҳо, моделҳо ва таҷҳизоти инноватсионии дар мактабу муассисаҳои таълимӣ таҳияшударо пешниҳод намоед.

Шартҳои иштирок

Навори кӯтоҳ, ғояи калон

  • Давомнокии наворҳо аз 30 сония то 1 дақиқа бояд бошад.
  • Истифодаи зеҳни сунъӣ (AI) ҳангоми таҳияи тасвир ё садоҳо иҷозат дода мешавад.
  • Наворҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ қабул карда мешаванд.
  • Ҳамаи корҳои пешниҳодшуда дар саҳифаҳои расмии шабакаҳои иҷтимоии маҷаллаи «Илм ва техника» барои намоиш ва баҳогузорӣ гузошта мешаванд.
  • Беҳтаринҳо барои нашр ба маҷаллаи «Илм ва техника» интихоб карда мешаванд.
Пешниҳоди кор

Навор ва файлҳои худро барои озмун фиристед

Муҳлат ва тамос

Қабули наворҳо то 15 декабри соли 2026 идома меёбад

Ғоя ва дастовардҳои худро ба ҷомеа муаррифӣ намоед — ҳар ихтироъ аз як андешаи сода оғоз меёбад!